9 Июн 2026 - 10:20
Source: ABNA
Лапид: Мо дар Эрон, Лубнон, Ғазо ва соҳили Ғарбӣ шикаст хӯрдаем

Раиси ҷараёни мухолифин дар режими сиёҳиюнистӣ ба сахтӣ аз амали кабинети Нетанёҳу дар қабли таҷовуз ба Эрон интиқод кард.

Ба гузориши хабарии «Абна» ба нақл аз «Анатолӣ», Яир Лапид, раиси ҷараёни мухолифин дар сарзаминҳои ишғолӣ, бо ишора ба таҷовуз алайҳи Эрон таъкид кард, ки ин ҳамла ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои стратегии Тел-Авив кумак намекунад. Бо ин ҳамла на низоми Эрон фурӯпошид, на барномаи мушакӣ ва ҳастаӣ ин кишвар нобуд шуд ва на Ҳизбуллоҳ несту нобуд гардид.

Вай илова кард, ки кабинети Нетанёҳу сиёҳиюнистҳоро ба паноҳгоҳҳо мефиристад, мактабҳоро мебандад ва иқтисодро фалаҷ мекунад бе он ки ҳеҷ ҳадафи стратегиеро амалӣ карда бошад.

Лапид гуфт, кабинет ҳеҷ шарҳе ба сиёҳиюнистҳо дар бораи ҳадафи ин ҳамла намедиҳад — на ба он сабаб ки пинҳон аст, балки ба ин далел ки тасвиб (тавҷеҳ) надорад. Ба мақомоти кунунӣ наметавон эътимод кард, зеро онҳо дар Ғазо, Лубнон ва Эрон шикаст хӯрдаанд ва дар вақти ҳозир дар соҳили Ғарбӣ низ шикаст мехӯранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha